Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад


Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар Душанбе эълон кардааст, ки 24-уми феврал Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои боздиди корӣ озими Маскав мешавад. Дар ҷараёни ин боздид мулоқоти вай бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки ҳар ду ҷониб масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва низомиро баррасӣ кунанд. Қарор буд ин боздид дар авоили моҳи феврал анҷом бигирад. Вале раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ин боздид худдорӣ кард. Ҳадафи боздиди қарибулвуқуъ баррасии роҳҳои иҷрои қарордодҳои ҳамкориҳои дуҷониба аст, ки дар ҷараёни боздиди расмии Медведев аз Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2008 имзо шуда буд.
XS
SM
MD
LG