Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роғун дар тарозуи "Окно" ва пойгоҳи ҳарбӣ?


Аз рост президентҳои Тоҷикистон ва Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар пойгоҳи ҳарбии Русия дар наздикии Душанбе, 29 августи соли 2008.

Аз рост президентҳои Тоҷикистон ва Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев дар пойгоҳи ҳарбии Русия дар наздикии Душанбе, 29 августи соли 2008.

Интизор меравад, ки Тоҷикистон дар гуфтушунид бо Русия хостори бознигарии созишҳо бо Русия хоҳад шуд.

Бархе аз расонаҳои Русия навиштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар музокироти қарибулвуқӯъ бо президенти Русия Дмитрий Медведев мавзӯъи бознигарии созишҳои пешин бо Русия, аз ҷумла, дар мавриди шартҳои будубоши пойгоҳи низомии Русия дар кишвар ва дар ихтиёри Маскав қарор додани маркази назорати кайҳонии Норак мавсум ба “Окно”-ро ба миён хоҳад гузошт.
Аслан гап сари стратегияи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон меравад...


Аз нигоҳи коршиносон, дар ин авохир, аз ҷумла, баъди изҳороти пурсарусадои Дмитрий Медведев дар Тошканд дар мавриди зарурати ҳамоҳангсозии бунёди нерӯгоҳҳо дар рудхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо кишварҳои ҳамсоя, равобиту Маскаву Душанбе ба сардӣ гароид ва бар асари он мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки бархе аз созишҳо бо Маскавро бо назардошти манофеъи миллии Тоҷикистон таҷдиди назар кунанд.

Раҷаби Мирзо, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки “аслан гап сари стратегияи нави сиёсати хориҷии Тоҷикистон меравад, ки аз ин баъд дар он гузашту муросо бо кишварҳои абарқудратро дифоъ аз манофеъи миллӣ иваз хоҳад кард”. Ба гуфтаи ӯ, таҳлили таҳаввулоти баъд аз истиқлоли Тоҷикистон собит мекунад, ки “тайи ин солҳо ҳукумат ҳатто дар масоили сарнавиштсоз аз манфиатҳои Тоҷикистон сарфи назар мекард”.

Аз нигоҳи коршиносон, бунёди нерӯгоҳи Роғун, ки сару садоҳо атрофи он ахиран зиёд шудаанд, низ фақат ба хотири латма ворид накардан ба манфиатҳои Русия ба дарозо кашид – мақомоти Тоҷикистон то авоили ҳамин сол мутмаин буданд, ки Маскав ин нерӯгоҳро бунёд хоҳад кард.

Дар Душанбе пешниҳодҳои дигар кишварҳо барои омодагӣ дар сармоягузории бунёди ин нерӯгоҳро нодида мегирифтанд, аз ҷумла, Покистон ҳанӯз 16 сол қабл хостори ширкат дар идомаи сохтмони ин нерӯгоҳи азим шуда буд, вале ин дархосташ то ҳамин сол бидуни посух монда буд. Коркарди бузургтарин маъхази нуқра дар Конимансур, эҳёи корхонаи “Заря Востока” дар шимоли Тоҷикистон, таҳқиқи конҳои нафту газ дар манотиқи гуногуни кишвар ҳам ба мутахассисони Русия ҳавола шуда буд.

Ва аммо, ба гуфтаи коршиноси тоҷик Масъуди Собир, “Маскав ба қадри ин ҳама гузаштҳои Тоҷикистон нарасид ва фақат дар коғаз чун ҳампаймони воқеъан стротегӣ боқӣ мондааст”.

Зимнан шояд Тоҷикистон ягона кишварест, ки барои истиқрори пойгоҳи низомии кишвари хориҷӣ дар қаламраваш подоше дарёфт накардааст. Бархе аз коршиносон ба он нукта ишора мекунанд, ки айёми таҳияи созишнома дар бораи таъсиси пойгоҳи низомии Русия вазъи Тоҷикистон ором набуд ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба ҳимояти тӯпу тонкҳои Русия ниёз дошт. Баъд аз таъмини суботу оромӣ ҳам мақомоти Тоҷикистон аз ибрози назар дар мавриди пардохти маблағ барои истиқрори пойгоҳи низомӣ худдорӣ мекарданд.

Ҳатто замоне, ки Русия барои бунёди пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии худ дар шаҳри Канти Қирғизистон 100 миллион доллар пардохт кард ва ҳамзамон артиши ин кишвар аз кумаки ҳарбиву фаннии Русия бархурдор шуд. Раҷаби Мирзо, коршиноси тоҷик мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ба ҷуз пофишорӣ барои татбиқи тарҳи “сармоя ба ивази пойгоҳи низомӣ” аз ҷониби Русия чорае надорад ва ин мавзӯъ зимни музокироти раҳбарони ду кишвар дар Маскав ҳатман баррасӣ хоҳад шуд. Ба вижа, ки вақтҳои ахир, баъди тасмими Қирғизистон барои бастани пойгоҳи низомии амрикоӣ дар фурудгоҳи Манас, сару садоҳое дар мавриди имкони ба Тоҷикистон кӯчонидани ин пойгоҳ паҳн шудаанд. Ва табиист, ки Маскав ба ҳеҷ ваҷҳ хостори дар Тоҷикистон ҷойи пой доштани Амрико нест.

Дар ҳамин ҳол иддае аз коршиносон мутмаинанд, ки ҳадафи Тоҷикистон аз бознигарии қарордҳои пешин бо Русия танҳо тағйири шартҳои будубоши пойгоҳи низомии Русия ва истифодаи Маскав аз маркази назорати кайҳонии Норак мавсум ба “Окно” нест. Онҳо мегӯянд, ки Тоҷикистон талош дорад ба ин васила Маскавро ба иҷрои ваъдаи пешинаш дар робита ба бунёди нерӯгоҳи Роғун ва се нерӯгоҳи дигар дар рӯдхонаҳои Тоҷикистон – Урфат, Оббурдон ва Явроз моил созад.

Ва ҳатто дар сурати сармоягузории Маскав ба иқтисоди Тоҷикистон, мегӯянд коршиносон, гумон аст, ки Душанбе аз ин баъд барои ройгон дар ихтиёри Русия гузоштани қаламраваш розӣ шавад ва зимни таҳияи аснод дар мавриди истифодаи фурудгоҳи низомии Айнӣ аз сӯи Русия ду ҷониб сари маблағи иҷорапулӣ часпу талоши зиёде хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG