Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони "боздошти ҷосус" пас аз 5 моҳи ҳабси ӯ


Ба иттилоъи хабаргузории БИА мақомоти расмии Тоҷикистон як афсари баландрутбаи Қирғизистонро дар ҷосусӣ ва омода кардани табаддулоти давлатӣ айбдор мекунанд.

Гуфта мешавад, Муҳаммадӣ Салимзода, афсари Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ки моҳи августи соли 2008 як сафари хусусиро дар Тоҷикистон анҷом медод, нопадид шуда буд.

Ин манбаъ меафзояд, фақат баъди панҷ моҳ Вазорати амнияти Тоҷикистон боздошти Салимзодаро эътироф кард. Додситонии кулли
Ҳеҷ бовар намекунам, ки шавҳарам ҷосуси Қирғизистон бошад...
Тоҷикистон гуфтааст, ки Салимзода тибқи бандҳои 306 ва 308-и қонуни кайфарӣ дар аз роҳи ғасби ҳукумат бо зӯрӣ ва ҷосусӣ муттаҳам хоҳад шуд. Аммо Кумитаи амнияти Қирғизистон ин даъвои ҷониби Тоҷикистонро рад кард.

Урусбек Биқин уғлӣ ба Бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, ки Муҳамамадалӣ Салимзода афсари кумитаи амният набуд ва вай то синни нафақа дар Вазорати дифоъ кор кардааст. Як корманди Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти ин идора аз боздошти сарҳанг ё полковник Салимзода дар қаламрави Тоҷикистон хабар доранд.

Ба гуфтаи ин корманди дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ масъалаи мазбур мавриди пажӯҳиш қарор дорад ва мақомоти вазорат аз натиҷаҳои он хабарнигоронро расман огоҳ хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол Дилбар Мунавварӣ, завҷаи сарҳанг Муҳаммадӣ Салимзода, ба радиои Озодӣ гуфт, ки иттиҳомоти Вазорати амнияти Тоҷикистонро комилан бепояву асос мешуморад.

Вай афзуд, наздики 15 сол аст, дар Қирғизистон ба сар мебаранд. Ба гуфтаи Дилбар Мунавварӣ онҳо ба Қирғизистон муҳоҷир шуда наомадаанд, балки шавҳараш полковник Муҳаммадӣ соли 1993 дар Вазорати дифоъи Қирғизистон ба кор таъйин шуд. «Ҳеҷ боварам намеояд, ки шавҳарамро ҳамчун ҷосуси Қирғизистон боздошт карда бошанд. Охир Тоҷикистон ватани мост ва ҳамаи пайвандони мо дар Тоҷикистони азиз ба сар мебаранд. Ғайр аз ин шавҳарам дар Кумитаи амнияти Қирғизистон кор намекард ва ӯ полковники вазорати дифоъи Қирғизистон буд. Баъди истеъфо ба илм машғул шуд, пажӯҳишҳои илмӣ кард, рисола навишт ва дар арафаи ҳимояи ин рисола қарор дошт.»

Наргис Салимзода, духтари афсари боздоштшуда мегӯяд, ки падараш Муҳаммадӣ ба хотири тӯи арӯсии вай ба Тоҷикистон омада буд ва як рӯзи баъд аз тӯй ногоҳ нопадид шуд. Ба гуфтаи Наргис панҷ моҳ падарашро касе надид ва онҳо намедонистанд, ки дар куҷо ба сар мебарад. Аммо падараш ҳақ аст ва президентони Қирғизистону Тоҷикистон инро ҳатман ба назар мегиранд ва вайро озод мекунанд.

Наргис афзуд, ки ҳамаи маъракаҳои хурсандии хонаводаи онҳо дар Тоҷикистон мегузашт ва онҳо ҳаргиз интизор набуданд, ки кормандони идораи амнияти Тоҷикистон падарашро ҳамчун ҷосус боздошт мекунанд ва панҷ моҳ дар куҷо бар сар бурдани ӯро аз модаркалону модараш ва пайвандони онҳо пинҳон медоранд.

Дар ҳамин ҳол дастгоҳи раёсатҷумҳурии Қирғизистон иттилоъ дод, ки ҳодисаи боздошти афсари мустафъии вазорати дифоъ Муҳаммадӣ Салимзодаро зери назорат хоҳад гирифт ва ба ин афсар кӯмаки ҳуқуқӣ расонда хоҳад шуд.

Ин манбаъ афзуд, ки дар ҳамин ҳол Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба пажӯҳиши ин масъала ҷиддан машғул аст.
Сарҳанги мустафъӣ Муҳаммади Салимзода дар Душанбе таваллуд шуда, соли 1993 шаҳрвандии Қирғизистонро пазируфтааст. Вай соҳиби ду духтар ва як писар мебошад.
XS
SM
MD
LG