Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳо "асир"-и тоҷикро озод карданд


Дирӯз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон роҳи автомобилрави миёни Бодканд-Исфараро бастанд. Нозим Усурова-раиси ҷамоъаи деҳоти Куктоши Қирғизистон ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз идораи ба ҳисобгирии заминҳо ҳангоми боздид аз маҳал гуфтааст, лулаи оби Куктоши Қирғизистон ба Тоҷикистон таъаллуқ дорад. Сокинони деҳи Куктош ба ин гуфтаҳо мухолифат кардаанд ва вайро гаравгон гирифтаанд. Сипас тақрибан 100 нафар тоҷикон роҳро бастаанд ва аз ҷониби Қирғизистон тақозо кардаанд, ки асирро озод кунанд. Мақомоти маҳаллӣ баъд аз музокира масъаларо ҳал кардаанд ва тасмим гирифтаанд, ки лулаи об моли Қирғизистон эълон шавад. Дар ин маҳал мошинҳое, ки ба сӯи Қирғизистон мераванд, бояд чанд бор аз марзи миёни ин ду кишвар бигзаранд.

XS
SM
MD
LG