Пайвандҳои дастрасӣ

17 000 сарбози изофии Амрико ба Афғонистон меравад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар бораи фиристодани 17 000 нафар низомиёни Амрико ба Афғонистон санадеро имзо кард. Ин нируҳо дар Афғонистон дар набардҳо бар зидди Толибон ширкат хоҳанд кард. Дар изҳороте, ки дар Кохи Сафед мунташир шуд, Обама гуфтааст, ин нируҳо барои таъмини субот дар Афғонистон заруранд. Мақомот мегӯянд, 8 ҳазор нафар нируҳои дарёӣ дар баҳори соли ҷорӣ ва пас аз он 4 ҳазор ва сипас 5 ҳазори дигар то моҳи август, яъне то замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон дар ин кишвар мустақар хоҳанд шуд. Ҳоло дар Афғонистон ҳудуди 35 ҳазор нафар низомиёни Амрико мустақар мебошанд.
XS
SM
MD
LG