Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳои дарёсолор Ҳарничек дар Душанбе


Бино ба хабари сафорати Амрико дар Душанбе, дарёсолор Марк Ҳарничек 20-ӯми феврал дар Душанбе бо вазири хориҷа, вазири роҳу мухобирот ва раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мулоқот мекунад. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои ҳамлу нақли колоҳо ба нируҳои Амрико ва эътилофи зидди террор дар Афғонистон баррасӣ мешавад. Дар хабари сафорати Амрико дар Душанбе дар бораи мулоқоти Ҳарничек бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон чизе гуфта нашудааст.

XS
SM
MD
LG