Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон дар Душанбе


Дар Душанбе музокироти ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбакистон идома дорад. Дар ин музокирот раҳбарии ҳайати Ӯзбакистонро Рустам Азимов-муовини аввали нахуствазир ва аз ҷониби Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон-муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон бар ӯҳда доранд. Дар музокирот ҳамкориҳои ҷонибҳо дар бахшҳои захоири обу энержӣ, аломатгузорӣ дар хатҳои марзии миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ва ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Қарор аст дар поёни музокирот ҷонибҳо чанд санади ҳамкорӣ имзо кунанд. Имрӯз муовини аввали нахуствазири Ӯзбакистон бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дидор ва гуфтугӯ мекунад.
XS
SM
MD
LG