Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Раҳпаймоии сулҳҷӯёна"-и як рӯҳонӣ дар Свот


Имрӯз дар водии Своти Покистон Сӯфӣ Муҳаммад-рӯҳонии тундрав раҳбарии "раҳпаймоии сулҳҷӯёна"-и садҳо нафар аз ҷонибдоронашро бар дӯш дошт. Вай бо ин раҳпаймоӣ шӯришиёни ҷонибдори Толибонро ташвиқ мекард, ки ба даргириҳои худ хотима диҳанд. Дар посух ба тасмими ҳукумати Покистон дар бораи ҷорӣ кардани шариъати ислом дар минтақа Сӯфӣ Муҳаммад розӣ шудааст, шӯришиёнро ташвиқ кунад, то онҳо аслиҳаи худро ба замин гузоранд. Ин шӯришиён аз охири соли 2007 то ҳол бар зидди нируҳои давлатӣ меҷанганд. Сӯфӣ Муҳаммад падарарӯси мавлоно Фазллуллоҳ-раҳбари Толибон дар минтақаи Свот мебошад. Амрико ва паймони НАТО аз тасмими ҳукумати Покистон дар бораи ҷорӣ кардани шариъати ислом дар ин водӣ интиқод карданд ва гуфтанд, ки чунин кор ба тундравҳо имкон медиҳад, то онҳо дар ин водӣ барои худ паноҳгоҳи амн пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG