Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси гумонбаршудаи терроризм дар Тоҷикистон


Сокини шаҳри Исфара бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) аз сӯи кормандони умури дохилаи Суғд боздошт шудааст. .

Бар пояи маълумоти маркази итттилоъоти идораи умури дохилаи Суғд, Мирсаид Юнусов дар соли 2006 ба гурӯҳи ҲИУ дар Исфара, ки ба он Анвар Қайюмов – сокини дигари ин маҳал раҳбарӣ мекард, шомил гашта, ба пойгоҳи гурӯҳи мазкур дар мавзеъи кӯҳдомани деҳаи Шуртанги маҳали мазкур масолеҳи сохтмонӣ ва ғизо дастрас мекард.

Зимни боздошт дар манзили ӯ як идда китобҳои мазҳабӣ «Ҳиҷрат, ҷиҳод ва ҳукмҳои он», «майдони ошиқон», «Биёед, мусалмон бошем», ки мақомоти умури дохила дорои мазмуни ташвиқоти террористӣ мехонад, кашф ва мусодира шудааст.

Бар пояи маълумоти умури дохилаи Суғд, Мирзосаид Юнусов – сокини шаҳри Исфара, панҷумин нафари мансуб ба гурӯҳи ҲИУ дар ин маҳал аст, ки аз оғози соли равон мавриди боздошт қарор мегиранд. Додситонӣ алайҳи Мирзосаид Юнусов мутобиқи бандҳои иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ барои роҳандозии ҷиноёти вазнин ва ҳамдастӣ дар содири ҷиноёт парванда боз кардааст.

Мақомоти интизомӣ аз кашфи ин гурӯҳи ҲИУ дар Исфара ва боздошти сарвари он моҳе қабл эълон дошта буд. Ба гуфтаи Мирзонаим Муртазоев – сарвари ситоди умури дохилаи Суғд , Анвар Қайюмов – сарвари гурӯҳи ҲИУ дар Исфара дар соли 1997 дар Афғонистон баъд аз омодагии махсуси ҳарбӣ ва қасам дар гурӯҳи Ҷумъаи Намангонӣ - собиқ раҳбари ҲИУ пайваст, баъд барои ҷалби шаҳрвандон ба ин ҳаракат ва содир намудани ҷиноёти махсусан вазнин ба маҳали зисти худ фиристода шуд.

Мақомоти умури дохила аъзои гурӯҳи ҲИУ дар Исфараро содиркунандаҳои як идда ҷиноёти хунин, аз ҷумла ҳамлаҳои мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара дар соли 2006 меномад.

Ҳадафи ин гурӯҳ, ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, касби нуфуз дар маҳал ва дар ниҳоят кӯшиш ба бунёди давлати исломӣ мебошад.
Ба гуфтаи манобеъи мақомоти интизомӣ, гурӯҳи ҲИУ дар Исфара бо сарварони ин ҳаракат дар Афғонистон тавассути роҳи кӯҳистонии мустақим робитаи барқарор доштанд.

Вале Абдураҳим Қаҳҳоров – вазири умури дохилаи Тоҷикистон, моҳе қабл, ки симмати сардори идораи умури дохилаи Суғд бар уҳда дошт, таъкид карда буд, ки мақомоти мазкур алайҳи гурӯҳи ҲИУ фаъолияти густарда ба роҳ мондааст .

Ба гуфтаи генерал – Қаҳҳоров, ки боз чанд нафари дигар аз ин гурӯҳ таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд.

Идораи умури дохилаи Суғд мегӯяд, дар тайи солҳои ахир ҳудуди 20 нафар сокини ноҳияи Исфара бо ҷурми фаъолият дар гурӯҳи ҲИУ мавриди боздошт қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG