Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шатранҷбозони тоҷик - дар «Aeroflot Open-2009»


Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев
Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев

Се шатранҷбози тоҷик - Фаррух Амонатов, Соҳиб Ҷӯраев ва Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев - дар ҷашнвораи байнулмилалии «Aeroflot Open-2009» дар шаҳри Маскав ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳаштумин давраи ин ҷашнвора бо ширкати беш аз 320 штранҷбози зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон дар меҳмонхонаи «Измайлово»-и пойтахти Русия то рӯзи 27-уми феврал идома хоҳад кард. Мусобиқот дар чаҳор гурӯҳ ҷараён дорад. Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 180 000 евро мебошад. Аз ҷумла ба ғолибони гурӯҳи А1 21 000 евро, гурӯҳи А2 - 9 000 евро, гурӯҳи В - 3 500 евро ва гурӯҳи С - 2 000 евро супурда хоҳад шуд. Сабқати интихобии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба блитс 26-уми феврал баргузор мешавад, ки аз ҷумла ғолиби он бо 10 000 евро сарфароз мегардад.

Гроссмейстер Фаррух Амонатов, ки дар гурӯҳи А1 ҳунарнамоӣ мекунад, нахустин бозиашро бо намояндаи Арманистон гроссмейстер Завен Андриасян бо натиҷаи мусовӣ анҷом дод. Амонатов бо 0,5 имтиёз байни 78 нафар дар ҷои 26-ум қарор гирифтааст. Ҳарифи ӯ дар даври дуввум гроссмейстер Андрей Зигалко, аз Булғористон, мебошад.

Вале шатранҷбози дигари тоҷик устоди FIDE Соҳиб Ҷӯраев дар сабқати А2 дар нахустин дидори худ аз намояндаи Латвия устоди байнулмилалӣ Эмилис Пилескис мағлуб шуд. Дар ин гурӯҳ 84 нафар ширкат доранд. Соҳиб Ҷӯраев дар даври дуввум бо шатранҷбози рус, устоди байнулмилалӣ Николай Показантсев бозӣ хоҳад кард.

Шатранҷбози ҷавони тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев бошад, дар гурӯҳи В дар даври аввал бар намояндаи Русия, устоди FIDE Борис Кручёв ғалаба кард. Дар ҳамин ҳол Муҳаммадхоҷа байни 80 нафар бо 1 имтиёз ҷои чаҳорумро касб кардааст. Вай дар даври дуввум бо Максим Омариев, аз Русия, бозӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG