Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори ду раҳбар дар қаламрави ҷанҷолӣ


Дмитрий Медведев - раиси ҷумҳури Русия ва Таро Асо – нахуствазири Ҷопон имрӯз дар ҷазираи Сахалин мулоқот мекунанд. Қарор аст, ин ду раҳбар дар маросими ифтитоҳи нахустин корхонаи гази моеъ дар Русия ширкат варзанд. Ширкатҳои ҷопонӣ, бахше аз саҳмияҳои корхонаи Сахалин –2 – ро дар даст доранд ва қисми зиёди гази моеъ ҳам ба Ҷопон содир мешудааст. Таро Асо нахустин раҳбари ҷопонӣ хоҳад шуд, ки ба Сахалин сафар мекунад, ки ин ҷазира ва ҷазираҳои хурди дигари онро Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар рӯзҳои ахири Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум тассаруф кард. Ҷопон ҳанӯз ҳам ин ҷазираҳоро моликияти худ медонад, вале Русия ин иддаъоро намепазирад.
XS
SM
MD
LG