Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мунтазири тағйири сиёсати Амрикост


Маҳмуди Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, кишвраш мунтазири дидани “тағйири воқеъӣ” дар сиёсати хориҷии Амрикост. Вай дар як мусоҳиба бо телевизиони давлатии Эрон гуфт, бидуни чунин тағйири бунёдӣ равобити Эрону Амрико беҳбуд нахоҳад ёфт. Ба гуфтаи мақомоти расмии эронӣ, маънии чунин баёнияҳо ва изҳороти шабеҳи раиси ҷумҳур ин аст, ки ҳукумати Амрико бояд муттаҳам кардани Эрон ба ҳимоят аз терроризм ва талош барои дастёбӣ ба силоҳи атомиро бас кунад.
XS
SM
MD
LG