Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама барномаи "беназир"-ро имзо кард


Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико барномаи иқтисодии тақрибан 800 миллиардоллариеро имзо кард, ки ҳадаф аз он ҷони тоза бахшидан ба иқтисоди карахтшудаи Амрикост. Ин барномаи давлатии бесобиқа дар таърихи Иёлоти Муттаҳида, таъсис ва ҳифзи севуним миллион ҷойҳои кориро пешбинӣ мекунад. Иқтисоди Амрико, ки бузургтарин дар ҷаҳон аст, дучори мушкилоти фаровоне мебошад. Тарҳи мазкурро ҳафтае пеш конгреси Иёлоти Муттаҳида тасвиб кард ва Барак Обама рӯзи сешанбе дар шаҳри Денвер зери он имзо гузошт.
XS
SM
MD
LG