Пайвандҳои дастрасӣ

Бародаӣ рафтори Эронро танқид кард


Муҳаммад Ал –Бародаӣ - мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ мегӯяд, Эрон ҳамчунон аз посух додан ба суолҳои боқимонда дар бораи барномаҳои атомии ин кишвар сарпечӣ мекунад. Дар як нишаст дар шаҳри Пориси Фарноса вай аз ҷумла гуфт, Эрон то кунун аз посухи рӯшан ба суолоти матраҳ доир ба абъоди эҳтимолии низомии барномаҳои атомиаш сарпечӣ кардааст. Ба гуфтаи Муҳаммад Ал-Бародаӣ, тайи чанд моҳи ахир Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ҳеҷ ҳамкорие аз тарафи Эрон надидааст. Аммо гуфт, Муҳаммад Ал-Бародаӣ Эрон сентрифугаҳои изофиро барои поксозии ураниуми ғанисозишуда ба кор наандохтааст, ки "корест хуб". Давлати Эрон аз талаби Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум сарпечӣ карда ва мегӯяд, барномаҳои атомиаш ба хотири тавлиди нерӯи барқ аст. Гуфтае, ки кишварҳои ғарбӣ ба он шубҳа доранд.
XS
SM
MD
LG