Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз тасмими Покистон нигарон аст


Вошингтон эълом дошт, ки бо мақомоти Покистон дар мавриди созиши онҳо бо "Толибон" дар робита ба ҷорӣ шудани қавонини шариат дар минтақаи Малоканд машварат хоҳад кард. Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА дар як нишасти хабарӣ дар Токио иттилоъ дод.

Рӯзи якшанбе яке аз раҳбарони Толибон Мавлоно Суфӣ Муҳаммад ва волии Вилояти Марзии Шимолу Ғарбии Покистон дар як музокирот дар шаҳри Пешовар дар мавриди ҷорӣ кардани қавонини шариат дар минтақаи Малоканд, воқеъ дар марзи Афғонистон ба тавофуқ расиданд. Ҳошим Бобар, яке аз раҳбарони ҳизби миллии Авом ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин созиш аксари нерӯҳои сиёсии минтақа пуштибонӣ карданд. Ӯ афзуд, ба ҷорӣ шудани қавонини шариат дар минтақаи Малоканд раисиҷумҳур Осиф Алии Зардорӣ ва низомиёни баландпояи кишвар ҳам ризоят додаанд. Ва аммо Ҳошим Бобар афзуд, ки як шарти аслии созиш барои ҷорӣ шудани қавонини шариат – таъмини сулҳу субот ва, қабл аз ҳама, оташбас дар минтақа аст. Минтақаи Свот, ки як бахши Малоканд аст, чандин моҳ боз ба саҳнаи задухурдҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ошубгарон табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG