Пайвандҳои дастрасӣ

Бердимуҳаммадов аз афви мухолифин худдорӣ кард


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, дар арафаи иди миллии Рӯзи парчами давлатӣ тақрибан ҳазор тан аз маҳбусонро авф кард. Рӯзи парчами давлатӣ дар Туркманистон ҳамасола 19 феврал таҷлил мешавад. Расонаҳои ҳукуматӣ рӯйхати 990 фарди афвшударо чоп карданд. Ва аммо ба иттилоъи бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ин рӯйхат ному насаби нафаре аз маҳбусони сиёсӣ, ки созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар раҳоии онҳоро талаб мекунанд, сабт нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG