Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши теъдоди қурбониён миёни аҳолии Афғонистон


Теъдоди қурбониён миёни аҳолии осоиштаи Афғонистон дар соли гузашта 40 дар сад афзоиш ёфтааст. Тибқи иттилоъи Созмони Милали Муттаҳид, соли 2008-ум дар Афғонистон беш аз 2 ҳазору 100 сокини маҳаллӣ кушта шудаанд. Тақрибан нисфи онҳо бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ ва 829 нафар бар асари амалиёти Эътилофи байнулмилалӣ ва неруҳои ҳукуматии Афғонистон ҷон бохтаанд. Ва аммо намояндагони НАТО ин иттилоъро рад мекунанд ва мегӯянд, ки теъдоди қурбониён бар асари амалиёти нерӯҳои байнулмилалӣ беш аз се баробар бештар нишон дода шудааст.

Ҳалокати теъдоди бузурги мардуми осоишта боиси афзоиши таниш миёни ҳукумати Ҳомиди Карзай ва ИМА гардид.

XS
SM
MD
LG