Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи "рафиқ Дах", зиндонбони кхмерҳои сурх


Собиқ раиси маҳбаси Пномпен, мулаққаб ба "рафиқ Дах" дар додгоҳ, 17 фервали соли 2009 .
Собиқ раиси маҳбаси Пномпен, мулаққаб ба "рафиқ Дах" дар додгоҳ, 17 фервали соли 2009 .

Имрӯз, пас аз 30 соли фурӯпошии режими ултрамаоистии коммунистӣ, дар Камбодия муҳокимаи собиқ шиканҷагари асосии кхмерҳои сурх оғоз ёфт.

Муҳокимаи Кайнг Гюек Эв, мулаққаб ба "рафиқ Дах", ки дар ҷиноятҳои зиддибашарӣ айбдор мешавад, дар додгоҳе шурӯъ гашт, ки бо мадади Сомзони Милали Муттаҳид барпо шудааст.

Ин шахс раҳбари зиндоне буд, ки дар он ба камияш 14 000 нафар мавриди шиканҷа қарор гирифта, кушта шудаанд. Вай аз ҷумлаи панҷ
Бо дидани ӯ ман дубора мисли пешина ба ваҳшат афтодам ...
раҳбари кхмерҳои сурх аст, ки барои кирдорашон дар режими Пол Пот дар солҳои 1970-ум посух хоҳанд дод.

Кайнг Гюек Эв, аз рӯи таҳсилаш, омӯзгори мактаб, шахсест, ки ба ҷаҳони садаи 20 хунинтарин дарси ваҳшат додааст.

Ин, ба истилоҳ, "рафиқ Дах", раиси маҳбаси машҳури Си21-и Пномпен буд ва ба қатли 14 ҳазор нафар дар боғчаи паҳлуи маҳбас, ки акнун "саҳрои марг" ном дорад, раҳбарӣ кард.

"Саҳрои марг" рамзи девонагиест, ки Камбодияро дар солҳои ҳокимияти кхмерҳои сурх аз соли 1975 то 1979 дар қабзаи худ гирифт ва дар ин давра тақрибан 1 миллиону 700 000 нафар кушта шуд, аз гуруснагӣ мурд ва ё аз меҳнати вазнини маҷбурӣ даргузашт.

Дахи 66-сола ба иттиҳоми ҷиноятҳои зидди инсоният, шиканюа ва тарроҳии марги инсонҳо рӯбарӯст.

Яке аз наҷотёфтагони қатлҳои беохир Пок Кон дар ин додгоҳ ба ҳайси шоҳид ширкат мекунад. Вай мегӯяд, ки бо дидани Дах дубора мисли пешина ба ваҳшат афтодаааст.

Худи Дах дар мусоҳибаи гиряолудаш ба матбуот иқрор кард, ки дар маҳбас дастурҳои қатл медод ва ҳоло аз ин кори худ пушаймон аст. Вай, ки акнун ба дини насоро гароидааст, нӯҳ сол пеш дар як рустои дурдаст дар ҳоле боздошт шуд, ки бо номи дигар нақши корманди хайрияи насрониро мебозид.

Вай аввалин айбдоршавандаи кирдорҳои режими полпотӣ дар додгоҳ хоҳад буд ва интихоби дар ин ҳайс зоҳиран баёнгари муҳокимаҳои таърихист, зеро айбномааш қавитарин ва мудҳиштарин аст.

Аммо Сенг Терӣ, мудири Маркази ғайридавлатии рушди иҷтимоӣ мегӯяд, Дах набояд, "гӯсфанди қурбонӣ" шавад. "Ин як муҳокимаи боварнакарданист, вале мо намехоҳем, ки ӯ бо худ ҷони раҳбарони дигарро бихарад. Вай яке аз ҳазорон аст, ки бояд ҷавоб диҳанд ва ӯ набояд, як "гӯсфанди қурбонӣ" гардад. Дигарон низ бояд дар пеши назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Камбодия ва бо ширкати ин мардум муҳокима шаванд."

Раҳбарони дигари кхмерҳои сурх дар маҳбасанд. Аз ҷумла шахси дувуми ҳукумати онҳо, Нюон Чӣ, собиқ вазири умури хориҷӣ Йенг Сарӣ ва собиқ вазири умури иҷтимоӣ, Йенг Тиритс.

Ҳамаи онҳо қатлҳои оммавии давраи раҳбарии хешро рад мекунанд. Сарвари кхмерҳои сурх, Пол Пот соли 1998 бидуни кашонда шуданаш ба додгоҳ, фавтид.

Дар рӯзи оғози муҳокимаи Дах дар Ню Йорк Таймс мақолаи яке аз маҳбусони собиқи ӯ, бостоншиноси фаронсавӣ, Франсуа Бизо, ба нашр расид, ки дар соли 1971 се моҳ дар асорати "рафиқ Дах" қарор дошт. Ӯро дар ҷангалҳои Камбодиа ҳамчун ҷосуси амрикоиҳо бозошт карда буданд. Вай бегуноҳии худро исбот кард ва наҷот ёфт. Бизо менависад, ҷурми Дах аз айбномаи ӯ ба маротиб бузургтар аст ва ӯ на танҳо дар қатли инсонҳо, балки дар қатли аҳли башар гунаҳкор аст.
XS
SM
MD
LG