Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Dellphone ва бӯсаи марг


Ширкати Microsoft барои нафаре, ки муаллифи вируси компютерии маъруф бо исми Downadup/Conficker -ро ошкор мекунад, 250 000 доллар ҷоиза таъйин кард. Ин вирус моҳи октябр пайдо шуда, то кунун ба беш аз 12 миллион компютер асобат кардааст. Маъмурон мегӯянд, таҳияи барномаҳои вирусдор ҷиноят аст ва бояд муҷозот шавад. Downadup/Conficker асосан компютерҳои муҷаҳҳаз бо охирин таҳрири барномаи Windows, фаровардаи ширкати Microsoft-ро хароб мекунад.

Дар Ҳинд насли нави ноутбукҳои арзон муаррифӣ шуд, ки ба гуфтаи созандагонаш, тобистони соли ҷорӣ бо нархи боварнокардании 10 доллар вориди бозор хоҳад шуд. Sakshat дар чаҳорчӯби барномаи ҷаҳоние, ки бо компютери дастӣ таъмин кардани ҳар як кӯдакро ба ҳадаф дорад, сохта шудааст. То кунун арзонтарин ноутбуки сохташуда тибқи ин барнома 174 доллар ҳазина дошт ва ба қимати 200 доллар фурӯхта мешуд. Вале қарор буд, соли оянда насли нави ин ноутбук бо нархи бамаротиб арзонтар, яъне 75 доллар ба бозор дарояд.

Ширкати амрикоии Dell мехоҳад зиёни аз фурӯши компютерҳои дастӣ бардоштаашро аз ҳисоби бозори телефонҳои ҳамроҳ ҷуброн кунад. Dellphone аз зумраи телефонҳои ба истилоҳ, “оқил” буда, дар бозор бо Iphone, Googlephone ва Nokia 5800 вориди рақобат хоҳад шуд. Қарор аст, нахустин Dellphone моҳи ҷорӣ дар Анҷумани байнулмилалии мухобироти бесим дар Барселона муаррифӣ шавад.

Аммо телефони ҷадиде, ки ширкати кореягии Samsung муаррифӣ кард, метавонад нахустин телефони ҳамроҳ дар ҷаҳон шавад, ки аз нури офтоб нирӯ мегирад. Баробар бо Samsung, ширкати дигари Кореяи ҷанубӣ - LG низ телефоне сохтааст, ки низ бо қувваи нури офтоб кор мекунад. Муаррифии ҳарду телефони ба истилоҳ “офтобӣ” дар анҷумани байналмилалии мухобироти бесим дар Барселона дар назар дошта шудааст.

Ширкати ФБК хисороти спам ба иқтисоди Русияро 47 миллиард рубл, ё худ қариб якуним миллиард доллар, ҳисоб кардааст. Спам номаи умдатан таблиғотист, ки тавассути почтаи электронӣ якбора ба миллионҳо нишонӣ ирсол мешавад. Зиёни ин, ба таъбири дигар, “меҳмони нохонда”-и электронӣ ба иқтисоди Амрикоро 71 миллиард доллар тахмин мезананд. Дар Русия барои хат задани ҳар спам 7 сония, вале дар Амрико барои “кӯр кардан”-и ҳар спам 16 сония сарф мекунанд.

Донишмандон бар пояи пажӯҳиши ҷадиде, ки пиромуни бӯсу канор анҷом доданд, ба натиҷае расидаанд, ки бӯсобӯсӣ метавонад барои ошиқон пайомадҳои ногуворе низ дошта бошад. Бар асоси ин таҳқиқот, дар айни бӯсобӯсӣ як силсила амалҳои кимиёӣ сурат мегирад ва дар ноомади кор, бӯсаи бад метавонад ба бӯсаи марг табдил ёфта, чамани ишқу муҳаббати ёронро хазон кунад. Ба таъбири Мушфиқӣ:
Бӯсае к-аз лаъли лаб додӣ ба чандин интизор,
Он замон ман будаму ҷоне, ки бар лаб доштам.
XS
SM
MD
LG