Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷазои комиссар барои «облава»


Додгоҳи низомии Суғд ахиран бо ҳукми худ комиссари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ ва ду корманди ин ниҳодро дар ҷалби иҷбории донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои ин маҳал ба хидмати низомӣ муҷрим шинохт.

Бо ҳукми додгоҳ комиссари низомии ноҳияи Мастчоҳ Зиннатшоҳ Шарифов ва ду корманди масъули ин ниҳод: Зоидҷон Бойматов ва Абдулло Иброҳимов барои ҷалби иҷбории донишҷӯён ба сафҳои артиш мутобиқи банди 391 – и Асноди ҷиноии Тоҷикистон ба ҷазои маҳдудият дар хидмати ҳарбӣ ба муҳлати 1 сол бо рӯёнидани 15 дарсади маош ба фоидаи давлат маҳкум шуданд, вале бидуни маҳрум гаштан аз ишғоли мансаб ва машғул шудан ба фаъолияти муайян. Ин барои бори аввал аст, ки кормандони комиссариати низомӣ дар вилояти Суғд дар пайи ҷалби иҷборӣ ба хидмати ҳарбӣ аз сӯи додгоҳ муҷозот шуданд.

Қурбоналӣ Мирзоев, додситони низомии Суғд гуфт, ки 5 донишҷӯи омузишгоҳи омузгории шаҳраки Бӯстон, маркази ноҳияи Мастчоҳ, ки ба тариқи иҷборӣ аз дарсхона ба хидмат ҷалб шуда буданд, аз қисмҳои низомӣ бозгардонида, ба таҳсил оварда шудаанд. Моҳи июни соли гузашта кормандони комиссариати низомии ноҳияи Мастчоҳ гурӯҳе аз донишҷӯёни коллеҷи омузгорӣ ва омузишгоҳи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳро аз таълимгоҳ ҳангоми омодагии онҳо ба имтиҳон бо роҳи иҷборӣ ё «облава» ба сафҳои артиш фиристода буданд.
XS
SM
MD
LG