Пайвандҳои дастрасӣ

4 медали тиллои варзишгарони тоҷик дар ИМА


Ду намояндаи Тоҷикистон – Шоҳрух Маҳмудов ва Фирдавс Муродов - дар Бозиҳои махсуси зимистонаи ҷаҳонӣ байни варзишгарони маълул дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чаҳор медали тилло ба даст оварданд.

Ба иттилоъи Дилбар Шарифова, раҳбари Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон, Шоҳрух Маҳмудов дар лижаронӣ ба масофаҳои 300 ва 1500 метр ҷойҳои аввалро касб карда, соҳиби ду медали тилло гардид. Фирдавс Муродов низ дар роҳгардӣ бо лижа рӯи барф ва лижаронӣ дар нишеби кӯҳсор бо ду медали тилло мукофотонида шуд.

Хонум Шарифова афзуд, дар ин бозиҳо, ки дар шаҳри Бойзаи иёлати Айдохаи Амрико дар 7 намуд тӯли як ҳафта идома кард, беш аз 2000 варзишгари маълул аз 104 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG