Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири молияи Ҷопон ба истеъфо рафт


Вазири молияи Ҷопон Сиоити Накагава ба истеъфо рафт. Мухолифин чанд рӯз боз истеъфои ӯро талаб доштанд, зеро, ба гуфтаи онҳо, Накагава ҳафтаи гузашта дар нишасти вазирони молияи ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон дар Рум дар ҳоли мастӣ суханронӣ карда буд. Ва аммо худи вазир изҳор намуд, хоболуд будан ва ба суолҳо дуруст посух надоштанаш дар нишасти хабарӣ бар асари таъсири доруворе буд, ки ба хотири шифо аз сармозадагӣ истеъмол карда буд. Бо вуҷуди ин ташреҳ аҳзоби мухолиф барои истеъфои вазири молия пойфишорӣ карданд ва имрӯз Накагава эълом дошт, ки курсии вазириро тарк мегӯяд. Сарвазири Ҷопон Таро Асо истеъфои вазири молияро пазируфт.
XS
SM
MD
LG