Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз солгарди истиқлол дар Косово


Имрӯз Косово нахустин солгарди эълони истиқлолро таҷлил мекунад. Аз субҳ дар хиёбонҳои Приштина маросимҳои идона идома доранд. Сарвазири Косово Ҳошим Тачӣ бо пахши изҳорот як соли истиқоли кишварро “муваффақ” арзёбӣ кард. Чанд кишвар, аз ҷумла ИМА ва Бритониё, мардуми ҷумҳурии Косоворо бо солгарди истиқлол табрик карданд.

Истиқлоли Косово то имрӯз аз сӯи 54 кишвари узви СММ эътироф шудааст. Чун пештара Русия ва Сербия аз эътирофи истиқлоли ин минтақаи замоне таҳти назорати Белград сарпечӣ мекунанд. Раисиҷумҳури Сербия Борис Тадич Косоворо кишвари номуваффақе номид, ки он ҷо, ба гуфтаи ӯ, ҷинояткории муташаккил афзуда, нақзи ҳуқуқи башар ба ҳукми анъана ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG