Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибониҳо аз лағви созиш бо ИМА


Се кумитаи парлумони Қирғизистон – дифоъ, масоили байнулмилалӣ ва қонунгузории конститутсионӣ имрӯз аз пешниҳоди раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев дар бораи бастани пойгоҳи низомии ИМА дар фурудгоҳи Манас пуштибонӣ карданд. Раиси кумитаи масоили байнулмилалии парлумон Эрик Арсалиев изҳор намуд, ки баррасии мавзӯъи қатъи созиш бо ИМА дар мавриди мустақаршавии пойгоҳи низомӣ дар фурудгоҳи Манас ба нишасти парлумон ироа гардид. Ин нишаст рӯзи панҷшанбе, 19 феврал доир мешавад. Улуғбек Ормонов, раҳбари фраксияи ҳукмрони “Оқ Жол” ба хабаргузории расмии “Кабар” гуфтааст, ки тасмим дар мавриди бастани пойгоҳи низомии амрикоӣ аз сӯи аксарияти вакилони парлумон ҷонибдорӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG