Пайвандҳои дастрасӣ

Дуч дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор мешавад


Дар Камбоҷа мурофиаи додгоҳии яке аз раҳбарони “кхмерҳои сурх” шурӯъ шуд. Баъд аз 30 соли суқути ин режим, Канг Кек Иеу, ки бештар ҳамчун Дуч маъруф буд, дар ҷиноёт алайҳи башарият айбдор мешавад. Замони қудрати "кхмерҳо" Дуч раҳбарии зиндони Туол Сленгро бар ӯҳда дошт ва ӯро дар ҳалокати тақрибан 15 ҳазор маҳбусон муттаҳам мехонанд. Ба ҷуз Канг Кек Теу, ҳамчунин боз чаҳор раҳбари “кхмерҳои сурх” мавриди бозрасии додгоҳи низомие, ки бо кумаки СММ таъсис шуда шудааст, қарор хоҳанд гирифт.

Замони қудрати “кхмерҳои сурх” дар Камбоҷа дар солҳои 1975 - 1979 тақрибан 2 миллион аз сокинони кишвар бар асари гуруснагӣ ва корҳои пуразият ба ҳалокат расида ваё бо ҳукми додгоҳ эъдом шуданд.
XS
SM
MD
LG