Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дэвид Петреус вориди Узбакистон шуд


Дэвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Афғонистон ва Ироқ имрӯз вориди Тошканд шуд. Интизор меравад, ки дар мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов вазъ дар Афғонистон ва мушкилоти таъмини нерӯҳои байнулмиллалии мустақар дар ин кишвар баррасӣ шавад. Узбакистон чун яке аз кишварҳои эҳтимолии транзитӣ барои интиқоли борҳо ба Афғонистон арзёбӣ мешавад. Ҳукумати Қирғизистон, кишвари аслии транзитӣ барои кумак ба низомиёни Эътилофи байнулмилалии мустақар дар Афғонистон, дар мавриди бастани пойгоҳи низомии амрикоӣ дар фурудгоҳи Манаси канори Бишкек тасмим гирифтааст.
XS
SM
MD
LG