Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таро Асо ба Вошингтон меравад


Таро Асо, сарвазири Ҷопон нахустин раҳбари кишвари хориҷӣ хоҳад буд, ки баъд аз сари қудрат омадани раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба ин кишвар сафари расмӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии ИМА дар Токио хабар дод. Интизор меравад, ки Таро Асо ҳафтаи оянда вориди Вошингтон шавад.
Дар навбати худ Ҷопон нахустин кишваре гардид, ки Ҳилларӣ Клинтон дар симати Котиби давлатии Амрико ба он ҷо сафар кардааст ва, ба гуфтаи вазири хориҷаи Ҷопон Хирофумӣ Накасоне, ин далели арҷгузории Кохи Сафед ба равобит бо Ҷопон аст.Ҳилларӣ Клинтон дар чаҳорчӯби сафари расмияш ба Осиё ҳамчунин аз Кореяи Ҷанубӣ, Индонезӣ ва Чин дидан хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG