Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш қочоқгар дар сарҳад


Дар натиҷаи як амалиёти вижа дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон шаш нафар қочоқгари афғон ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи дафтари матбуотии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар натиҷаи ин амалиёт, ки дар минтақаи наздисарҳадии Шӯрообод сурат гирифт, беш аз 300 килограм мухаддирот ва 4 автомати Калашников бо тирдон ва тирҳо мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони Афғонистон замоне мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, ки рудхонаи Панҷ, яъне сарҳади давлатиро убур намуда, ба марзбонон муқовимат нишон додаанд.

Амалиёти мазкур тайи якчанд рӯзи ахир идома дошт ва чор нафари қочоқгарони кушташуда қаблан ба ҳалокат расида буданд.

Иброҳим Азизов, раиси ноҳияи Шӯрообод, зимни нишасти матбуотии ахири худ гуфт, ки соли гузашта дар пайи чунин амалиёт дар ҳудуди ноҳия 7 нафар шаҳрвандони Афғонистон ба ҳалокат расида буд.

Шӯрообод ноҳия наздимарзӣ дар минтақаи Кӯлоб 154 километр хати марз бо Афғонистон дорад. Соли гузашта дар ин ноҳия се наврас аз ҷониби қочоқчиёни афғонистонӣ ба гарав бурда шуда буд, вале аз ҷониби мақомоти интизомӣ раҳо гардиданд. Инчунин тибқи иттилои Шӯъбаи корҳои дохилаи Шӯрообод соли 2008 дар ҳудуди ноҳия беш аз ҳазор килограм маводи мухаддар мусодира шудааст.


XS
SM
MD
LG