Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми Караҷич бо ҳафт ҷинояти наслкушӣ


Раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ Радован Караҷич
Раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ Радован Караҷич

Додрасҳои додгоҳи СММ ағлаби иттиҳомоти нав алайҳи раҳбари собиқи сербҳои Боснӣ Радован Караҷичро тасвиб намуданд.

Тасмими се қозии додгоҳ, ки дар пешорӯи муҳокимаи парвандаи Караҷич дар додгоҳ ва бо дархости ҷониби айбдоркунанда гирифта шуд, роҳро барои анҷоми муҳокима ҳамвор мекунад. Теъдоди иттиҳомот дар айбномаи нав мисли пештара ёздаҳтост бо шумули ду иттиҳоми наслкушӣ. Додгустарҳо мехостанд боз се мавриди қатлиомро ба чаҳортои мавҷуда илова кунанд, аммо додрасҳои Додгоҳи байнулмилалии расидагӣ ба ҷиноятҳоии ҷангии Югославияи собиқ ба ин розигӣ надода ва гуфтанд, ки далели кофӣ барои шомил кардани ин ҷиноятҳо ба парвандаи Караҷич пешкаш нашудааст.

Караҷичи 63-сола баъди 11 соли фирор, моҳи июли соли гузашта дар Сербистон дастгир шуд. Вай қиёфаашро тағйир дода, дар Белград ба сар мебурд. Караҷич, ки ришу мӯйсари дароз монда буд, ба ҳайси табиби мардумӣ фаъолият мекард. Ҳангоме ки Караҷичро ба назди қозии додгоҳ ҳозир намуданд, вай аз ҳамкорӣ бо додгоҳ сарпечӣ кард. Вай гунаҳкор буданашро на тасдиқ ва на такзиб кард ва додгоҳ ин сарпечии ӯро ҳамчун инкори ҳамаи иттиҳомот ҳисобид.

Рузи ҷумъа, 20-уми феврал, дар муҳокимаи навбатӣ Караҷичро бори дигар хоҳанд пурсид, ки оё ӯ худро гунаҳкор меҳисобад ё хайр, ва ин дар ҳолест, ки айбдоршаванда гуфта буд, ки қонунияти ин додгоҳро намепазирад.

Раҳбари пешини сербҳои Боснӣ вакили дифоъ надорад ва мехоҳад мисли раисҷумҳури собиқи Сербистон Слободан Милошевич дар мурофиаи додгоҳӣ худашро дифоъ кунад. Слободан Милошевич соли 2006 ҳангоме, ки мурофиаи вайро додгоҳи байнулмилалӣ баррасӣ мекард, аз маризи вафот кард.

Додгустарон аз айбномаи нави Караҷич як воқеаи ширкат дар қатлиомро ба куллӣ ихтисор намуда ва дигар иттиҳомот аз ҷумла куштори оми 8 ҳазор мусалмони Сребриниса дар соли 1995-ро ба ду давраи замонӣ тақсим кардаанд. Айбномаи мушаххасшудаи Караҷич иттиҳомот дар анҷоми ҷиноятҳо алайҳи башарият, куштор, ихроҷи маҷбури аз ҷои зист, террор ва ҳамлаи ғайриқонунӣ ба шаҳрвандони осоишта ва гаравгонгириро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG