Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон Амрикоро нигарон кард


Мақомоти Амрико мегӯянд, баъди эъломи мақомоти Покистон дар мавриди пазируфтани қонунҳои шариъат дар водии Свот бо ҳукумати Покистон дар тамос шудаанд. Ин тасмим бо хоҳиши рӯҳониёни тундрави шарики Толибон гирифта шуд, ки ҳоло қисми зиёде аз водии Свот ва манотиқи шимолуғарбии Покистонро таҳти контрол доранд. Ричард Ҳолбрук – фиристодаи Амрико барои Покистону Афғонистон гуфт, таҳаввулот дар Свот нишон медиҳад, ки Амрикову Покистон ва Ҳинд ба душмани ягонае рӯ ба рӯ шудаанд. Мақомоти Покистон умедворанд, пазируфтани қонунҳои сахтгиронаи шариъат дар водии ноором ва марзии Свот ошӯбҳои тундравони харобкорро дар ин минтақа фурӯ менишонад.
XS
SM
MD
LG