Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи се хабарнигор дар Тошканд


Бино ба гузоришҳо, дар Ӯзбакистон се хабарнигорро барои узвият дар гурӯҳи исломии туркии “Эзгулик” муҳокима мекунанд. Аз қароргоҳи “Эзгулик”, ки созмони ҳомии ҳуқуқи инсон хонда мешавад, ба хабаргузории Франс Пресс гуфтаанд, ки хабарнигорон “ба ташкили гурӯҳе мазҳабии мамнӯъе муттаҳам мешаванд, ки барои низом ва амнияти омм хатар эҷод мекунад.” Моҳи гузашта ба гуфтаи созмони “Эзгулик» панҷ корманди як рӯзномаи дигари ӯзбакиро бо ҳамин иттиҳомот ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидаанд.
XS
SM
MD
LG