Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҳайати низомиёни Амрико таҳти сарварии контр-адмирал Марк Ҳарничек қарор аст, рӯзи чаҳоршанбе ба Тоҷикистон сафар кунад. Гуфта мешавад, ин ҳайат бо мақомоти давлати Тоҷикистон масъалаҳои интиқоли транзитии молу колои ғайринизомиро ба Афғонистон тавассути роҳҳои мошингард ва оҳан баррасӣ хоҳад кард.

Контр-адмирал Ҳарничек сардори раёсати стратегия, сиёсат, барномаҳо ва таъминоти моддию фаннии Фармондеҳии нерӯҳои нақлиётии Иёлоти Муттаҳида аст ва солҳои охир ба икмоли нерӯҳои Амрико дар уқёнуси Ором ва дигар манотиқи ҷаҳон машғул будааст.

Ба эҳтимоли зиёд сафари ӯ ба Душанбе таваҷҷӯҳро на танҳо ба ояндаи ҳамкориҳои Амрико ва Тоҷикистон, балки ба дурнамои пойгоҳи Иёлоти Муттаҳида дар минтақа низ ҷалб хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз як сӯ ояндаи пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Қирғизистон зери суол рафтааст ва аз сӯи дигар пешгӯиҳо дар бораи ба кишварҳои ҳамсоя кӯчидани он то рафт бештар мешаванд.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, Маскавро низ ба гуфтушуниди Вошингтону Бишкек шомил кардаанд, то аз баста шудани пойгоҳи "Манас" пешгирӣ кунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Маскав сабабгори пасипардагии баста шудани "Манас" шумурда мешавад. Коршиноси рус, Андрей Грозин аз Пажӯҳишгоҳи Ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Маскав мегӯяд, мумкин аст, пойгоҳи Амрико дар "Манас" боқӣ бимонад.

Ҷаноби Грозин мегӯяд, "масъалаҳои қонунигардонии тасмими Қирғизистон дар порлумони ин кишвар дар сурати дилхоҳ метавонистанд, зудтар ҷараён гиранд, аммо дар ивази ин ҷиддан афзудани гуфтугӯҳои пасипардагӣ, ҳам байни Вошингтону Бишкек ва ҳам дар миёни Вошингтону Маскав нишон медиҳад, ки роҳҳои ҳифзи пойгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Мумкин аст, пойгоҳ бо тағйири мақом ё азаматаш нигоҳ дошта шавад, зеро дар воқеъ зарурати он барои Амрико ва ҳампаймонҳояш дар ин давра хеле муҳим ва ҷиддист ва онҳо мехоҳанд, ин пойгоҳ бимонад."

Ҳам Грозин ва ҳам бархе аз таҳлилгарони дигар тахмин мезананд, ки Қирғизистон метавонад, дар ивази пардохтҳои бузургтаре тасмими худро иваз кунад. Дар бораи аҳамияти "Манас", профессори Донишгоҳи Принстон, Ҷейсон Лайл, мегӯяд, танҳо дар як моҳ аз тариқи ин пойгоҳ 500 тонна бор ва 15 000 сарбоз мегузарад. Дар соли гузашта 11 000 ҳавопаймо дар фазои Афғонистон аз ҳавопаймоҳои боркаше маводи сӯхт гирифт, ки аз фурудгоҳи "Манас" бархоста буданд. Иҷорапулии Амрико ба Қирғизистон 17 миллион доллар дар сол аст ва солона Вошингтон то 133 миллион доллари дигар ба Бишкек кӯмак мекунад.

Мақромоти Қирғизистон низ аз оғоз зихнагии Вошингтонро сабаби асосии тасмими худ номида буданд. Ва коршиносон 2 миллиард доллар сармоягузориву кӯмакҳои Русияро ба истилоҳ ҷубронпулии "Манас" мешуморанд. "Мақсади Русия, ки пинҳон ҳам дошта намешуд, ташкили минтақаи комилан ихтисосии нуфуз дар Қафқоз ва Осиёи Марказист," мегӯяд Фредерик Старр, аз Пажӯҳишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Вошингтон. Вай меафзояд Маскав ин нуфузро то Афғонистон густариш доданист ва мехоҳад ҳамаи муносибатҳои Ғарб ва Амрико бо ин минтақа аз тариқи ӯ ҷараён гирад. Ҳамин чиз, ба ақидаи коршиносон, сабаби гуфтушунидҳои нави Вошингтон ва Маскав гаштааст.

Дар ин пасманзар баҳсҳои эҳтимолан ба кишварҳои дигари минтақа кӯчонда шудани "Манас" идома дошта, ҷуғрофиёи ин баҳс васеътар мешавад. Ҷаноби Старр, масалан, изҳори ҳайрат мекунад, ки чаро Вошингтон Озарбойҷонро як гузинаи дигар намешуморад. Вай мегӯяд, роҳи ҳавоӣ аз Озарбойҷон то Афғонистон мустақимтарин аст.

Коршиноси рус, Александр Терентйев, бар ин аст, ки Тошканд таҷрибаи ҳузури ҳарбии амрикоиҳоро дорад ва дар андешаи оштӣ бо Вошингтон аст. Таври маълум пойгоҳи Амрико дар Хонобод, ҷануби Узбакистон, баъд аз саркӯби хунини тазоҳуркунандагон дар Андиҷон дар соли 2005 баста шуд. Чанде аз таҳлилгарони амрикоӣ мегӯянд, демократҳо, ки дар Вошингтон ба қудрат расидаанд, даргумон аст, Тошкандро коршарики худ интихоб кунанд. Аксари коршиносон дар мавриди ҳар яке аз кишварҳои эҳтимолии мизбони пойгоҳи Амрико далел меоранд ва танҳо Тоҷикистонро дар вазъи феълӣ беҳтарин гузина меноманд. Тоҷикистон бо Афғонистон наздиктар аст ва дарозтарин марз бо ин кишварро дорад.

Таҳлилгари тоҷик, мудири Маркази пажӯҳиши афкори умуми "Шарқ" дар Душанбе, Музаффар Олимов мегӯяд: "Эҳтимол дорад, ҳама кишварҳо ба қабули пойгоҳи ҳарбии Амрико розӣ бошанд, аз ҷумла Тоҷикистон низ. Аз ин хотир эҳтимоли ба куҷо кӯчидани пойгоҳ ба он бастагӣ мегирад, ки онро ба кӣ пешниҳод хоҳанд кард ва ҳамчунин ба он ки чӣ тавр кишварҳое, ки дар ин минтақа нуфуз доранд ба ин масъала нигоҳ мекунанд. Масалан, агар ба Тоҷикистон пешниҳод шавад, эҳтимол дорад, фикри Русия дар ин маврид аҳамият пайдо кунад ва ба назар гирифта шавад."

Ҷаноби Олимов изофа мекунад, ки бовар надорад, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бе гирифтани ризоияти Маскав ба чунин кор иқдом кунад. Коршиноси рус, Андрей Грозин низ бар ин аст, ки бо вуҷуди мушкилиҳои ахир дар равобити Душанбе ва Маскав, Тоҷикистон даргумон аст, ба чунин қадам омода бошад. Аммо ӯ чунин эҳтимолро комилан номумкин низ намешуморад.

Бо ишора ба сафари ҳайати низомиёни Амрико ба Тоҷикистон таҳти сарварии контр-адмирал Ҳарничек, Олимов мегӯяд, "президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо гуфт, молу афрод аз "Манас"-и Қирғизистон ба воситаи Тоҷикистон ба Афғонистон меравад. Пас тафовут чист, ки Тоҷикистон гузаргоҳ бошад ё пойгоҳ?"
XS
SM
MD
LG