Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 1 сарбози НАТО ва 17 чирикӣ


Як сарбози паймони низомии НАТО дар шарқи Афғонистон кушта шуд. Ин дар ҳолест, ки бар асари ҳамлаи ҳавоии шаби гузашта алайҳи як паноҳгоҳи ҷангиёни толиб дар вилояти бо Туркманистон ҳаммарзи Бодғис 10 чирикӣ, бо шумули ду фармондеҳи ҷангиён ба ҳалокат расиданд. 7 чирикии дигари марбут ба Толибон рӯзи якшанбе дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои урдуи Афғонистон дар вилояти ҷанубии Ҳилманд кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG