Пайвандҳои дастрасӣ

Standard and Poor's баҳои Украинаро пойин мебарад


Иқтисоди бӯҳронзадаи Украинаро рӯзи душанбе боз як хабари бад асобат кард. Созмони таҳқиқотии Standard and Poor's ҳушдор дод, ки ба маҳзи нигарониҳо дар мавриди дастрасии Украина ба қарзи навбатии Сандуқи байналмилалии пул, қобилияти Киев дар амри пас додани қарзҳояшро пойин мебарад. Standard and Poor's гуфт, арзёбии ниҳоияшро дар ин бора то 2 ҳафтаи дигар эълон хоҳад кард. Мақомоти Украина мегӯянд, Киев ба таҳдиди аз даст додани 1 миллиарду 900 миллион доллар қарзи Сандуқи байналмилалии пул дучор шудааст. Он ниҳоди молӣ изҳори нигаронӣ карда, касри будҷаи давлатии Украина ҷавобгӯи меъёрҳое нест, ки даст ёфтан ба ин қарзро иҷозат диҳад.
XS
SM
MD
LG