Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайъати низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон даъвои кассатсионии созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво”-ро рад кард.

Ин ниҳод ҳукми додгоҳи гарнизони шаҳри Душанбе дар мавриди манъи фаъолияти ин созмонро ба қуввааш барҷой гузошт.

Аммо масъулони минтақаии созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво” дар Қазоқистон мегӯянд, талоши худ барои фаъолияти бози пайравонашонро дар Тоҷикистон идома хоҳанд дод. Вакили мудофеъи ин созмон Юрий Кoпаров ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло онҳо хулосаи ҳайъати низомии Додгоҳи олии Тоҷикистонро баррасӣ доранд:

“Наметавонам дар бораи иқдоми баъдии созмони “Шоҳидони Яҳво” ва, бахусус, дар бораи фаъолияташ дар Тоҷикистон гӯям. Аммо дақиқан метавонам гӯям, ки ҳайъати низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон аризаи даъвогии моро радд кард. Ҳоло мунтазирем, ки додгоҳ дар шакли хаттӣ ба мо чи посух медиҳад. Яъне, дар кадом асос ва бо чӣ баҳонае аризаи даъвогии моро рад кардаанд. Баъд аз ин рӯшан мешавад, ки қадамҳои баъдии мо чи хоҳад буд. Шояд баъд аз ин мо ба раёсати Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам муроҷиат кунем”.

Фаъолияти “Шоҳидони Яҳво” бо қарори вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи октябри соли 2007 манъ шуда ва ин қарор дар моҳи октябри соли гузашта тавассути ҳукми додгоҳи гарнизони Душанбе тасвиб шуд. Идораи дини вазорати фарҳанг нақзи мунтазами талаботи қонуни динро далели аслии манъи фаъолияти “Шоҳидони Яҳво” ном мебарад. Аммо намояндагони ин созмони мазҳабӣ ин иттиҳоми мақомоти Тоҷикистонро радд мекунанд.

Анатолий Мелник, як масъули минтақаии созмони “Шоҳидони Яҳво” дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон қатъ шудааст ва пайравони онҳо наметавонанд озодона ниёиш кунанд ва ҷамъ шаванд. Анатолий Мелник мегӯяд, борҳо талош кардаанд, ки дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабтином шаванд, вале ин ба онҳо даст надодааст. Вай бо норизоиятӣ аз баррасии фаъолияти созмони “Шоҳидони Яҳво” дар додгоҳҳои Тоҷикистон гуфт:

“Мо чи хел ризо ва хушҳол бошем, ки пайравонамон наметавонанд озодона фаъолият кунанд. Дар ҳоле ки мо ягон аз қонунҳои кишвари Тоҷикистонро нақз накардаем. Фаъолияти мо аз соли 1994 то 2007 хуб буд, мушкиле надоштем. Аммо ахиран моро бо баҳонаи ин ки дар хонаҳои мардум мегардему гӯиё низоъ бармеангезем, фаъолиятамонро боздоштанд. Аз ин рӯ, агар ризо мебудем, ҳич гоҳ даъво намекардем...”

Созмони “Шоҳидони Яҳво” як созмони масеҳиест, ки пайравонаш китоби Инҷилро бар асоси тарҷумаи худашон таълим медиҳанд ва ёътиқоди онҳо аз дигар ҷараёнҳои мазҳаби насронӣ фарқ дорад. Ин созмон қаблан дар соли 2005 низ барои фаъолиятҳои ғайриқонунияш муваққатан боздошта шуда буд. Ва гуфта мешавад, ҳудуди ҳазор сокини Тоҷикистон пайравӣ аз ин созмони масеҳиро доштаанд.
XS
SM
MD
LG