Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сониҳаи киштиҳои ҳастаии Фаронсаву Бритониё


Расонаҳои Бритониё мегӯянд, ду киштии зериобии ҳастаии Бритониёву Фаронса дар авоили моҳи феврал дар уқёнуси Атлантик ба ҳам бархӯрдаанд. Ҳарду нови зериобӣ ҷузъе аз нирӯҳои дифоъии ду кишвар маҳсуб шуда, бо мушакҳои омодаи ҷангӣ мусаллаҳ будаанд. Вазорати дифоъи Бритониё то ҳол ин хабарро таъйид накардааст. Вале матбуот аз қавли манобеъаш дар артиши баҳрии Фаронса навишт, ки ин ҳодиса ба амнияти ҳастаӣ ягон таҳдиде эҷод накардааст.
XS
SM
MD
LG