Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ба Осиё рафт


Хонум Клинтон дар фурудгохи ТОико. 16-уми феврали 2009
Хонум Клинтон дар фурудгохи ТОико. 16-уми феврали 2009

Ҳилларӣ Клинтон рӯзи 16-уми феврал нахустин сафари хориҷиаш ба ҳайси вазири хориҷаи Амрикоро аз силсиласафари якҳафтаина ба қораи Осиё шурӯъ мекунад. Боздиди хонум Клинтон аз Ҷопон оғоз ёфта, сипас ӯ аз Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин дидан мекунад.

Интихоби Осиё ҳамчун масири нахустин сафари хориҷии Ҳилларӣ Клинтон ба ҳайси вазири хориҷаи Амрико ҳокист, ки сиёсати хориҷии маъмурияти раисиҷумҳур Барак Обама рӯи кадом минтақаи ҷаҳон тамаркуз хоҳад кард. Хонум Клинтон, қабл аз он ки Амрикоро ба қасди Осиё тарк кунад, гуфт, пешрафту комёбиҳои Амрикову Чин ба суди ҳар кадом аз ин ду кишвар аст. Клинтон умедвори ташвиқи Чин ба гуфтугӯву ҳамкориҳои пурсамар дар амри муқобила бо бӯҳрони саросарии иқтисодӣ ва ҳам дар амри мубориза бо тағйири иқлим аст. Ин дар ҳолест, ки Чин дар ин авохир Амрикоро дар сабқати бузургтарин партобкунандагони газҳои гулхонаӣ батадриҷ танг мекунад.

Сафари Ҳилларӣ Клинтон аз дидори Ҷопон шурӯъ мешавад. Ҷопон, ки баъд аз Амрико дуввумин иқтисоди бузурги дунёст, дар ин рӯзҳо ба пасрафти сахти аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта ба ин сӯ бесобиқа дучор шудааст. Вале Кореяи шимолӣ бо барномаҳои баҳсбарангези ҳастаияш ҳам ҳаст, ки ҳатман дар сархати барномаи сафар ва дидору мулоқотҳои вазири хориҷаи Амрико қарор хоҳад дошт.

Ҳилларӣ Клинтон ахиран вақте ба Пхенян дар ивази қатъи барномаҳои тавлиди таслиҳоти ҳастаияш имконоти бештаре пешниҳод мекард, ба фарқ аз мақомоти қаблии Амрико, лаҳни нисбатан оромтареро интихоб карда буд. Вай гуфта буд, агар Кореяи шимолӣ самимона ба қатъи комил ва қобили назорати барномаҳои таслиҳоти ҳастаияш омода бошад, маъмурияти Обама аз пайи оддӣ сохтани равобити дуҷониба шуда, қарордоди тӯлкашидаи оташбас дар ин нимқораро бо як паймони доимии сулҳ иваз мекунад ва ҷиҳати бароварда гардондани ниёзмандиҳои энержӣ ва дигар эҳтиёҷоти иқтисодии мардуми Кореяи шимолӣ мусоидат хоҳад кард.

Пешниҳоди ахири вазири хориҷаи Амрико дар ҳоле садо медиҳад, ки бино бар ҳадсу гумонҳои афзоянда, Кореяи шимолӣ ба озмоиши мушаки дурпарвозаш дар ояндаи наздик омодагӣ мебинад ва баъид нест, агар ин озмоиш ҳатто дар рӯзҳои дидори Ҳилларӣ Клинтон аз минтақа сурат бигирад. Мақомоти низомии Кореяи ҷанубӣ мегӯянд, ба назар мерасад, ки Пхенян нирӯҳои хушкигарду дарёӣ ва ҳавоияшро ба ҳолати омодабош овардааст.

Амрико ҳамроҳ бо Русияву Чин ва Ҷопону ҳарду Корея узви музокироти шашгонаеянд, ки чанд сол боз ҷиҳати ба қатъи барномаҳои ҳастаияш мутақоид сохтани Кореяи шимолӣ талош меварзад. Таҳлилгарони амрикоӣ мегӯянд, маъмурияти раисиҷумҳури пешин Ҷорҷ Буш натавонист тайи 8 соли фаъолият сиёсати худ дар қиболи Кореяи шимолиро ҳамоҳанг кунад.

Барномаи сафари Ҳилларӣ Клинтон ба қораи Осиё иборат аз танҳо баҳси роҳҳалҳои бӯҳрони ҳастаии Кореяи шимолӣ нест. Ӯ ҳамчунин аз Индонезия дидан мекунад. Индонезия аз лиҳози шумори аҳолӣ бузургтарин кишвари мусалмонии дунё маҳсуб мешавад, вале таҳлилгари амрикоӣ Дэн Блюментал мегӯяд, дар хатсайри нахустин сафари хориҷии хонум Клинтон ба ҳайси вазири хориҷаи Амрико омадани исми Индонезӣ фақат ба хотири бузургтарин ҷомиаи демократӣ дар ҷаҳони Ислом будани он кишвар нест. Ба эътиқоди ин коршинос, дидори Клинтон аз Ҷакарта ба аҳаммияти Индонезия дар ҳавзаи уқёнуси Ором низ таъкид мекунад.
XS
SM
MD
LG