Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумон ба баррасии пойгоҳи "Манас" мепардозад


Пойгоҳи низомии Амрико дар Манас

Пойгоҳи низомии Амрико дар Манас

Вазорати хориҷаи Қирғизистон тарҳи лағви созишномаи ҳузури нерӯҳои ИМА дар фурӯдгоҳи «Манас»-ро ба порлумони ин кишвар фиристодааст.

Рӯзи душанбе ҳукумати Қирғизистон ёддоштҳои ҷавобии вазорати хориҷаи кишварро пазируфт, ки гуфта мешавад, унвонии 11 давлати узви эътилофи зидди террор ироъа шудааст.

Ин манбаъ меафзояд, вазорати хориҷа лағви ёддоштҳои Шоҳигарии Дания, Норвегия, Фаронсаву Лаҳистон, Туркия, Корея, Испания, Италия, ҳамчунин кишвари Нидерланд, Зеландияи нав ва Асвтралияро маълум кард. Гуфта мешавад, фақат баъди дар порлумон баррасӣ шудани ин масъала ба ҳузури нерӯҳои эътилофи зидди террор дар қаламрави Қирғизистон нуқта гузошта хоҳад шуд.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти ҳукумати ҷумҳурии Қирғизистон, тарҳи қонуни лағви созишнома ва ёддоштҳои ҷавобии вазорати хориҷа перомуни бастани пойгоҳи «Манас» дар пояи банди дуввуми моддаи 65-и Қонуни асосии Қирғизистон таҳия гардида, он барои баррасӣ ба Жуқорғӣ Кенеш пешниҳод шуд.

Ин дар ҳолест, ки боз ду кумитаи порлумони Қирғизистон 17-уми феврал тарҳи қонунҳо дар бораи ёддоштҳои ҷавобии вазорати хориҷаи кишварро оид ба лағви созишномаи ҳузури нерӯҳои ИМА дар пойгоҳи низомии «Манас» мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Бахтигул Қаламбекова, муовини вазири хориҷаи Қирғизистон, тайи як нишасти хабарӣ гуфт, новобаста аз ҳалли мусбат ё манфии қазияи пойгоҳи «Манас» Қирғизистон равобиташ бо Амрикоро беш аз пеш тавсеа хоҳад дод. Бахтигул Қаламбекова истиқрори нерӯҳои низомии ИМА дар фурудгоҳи «Манас»-ро яке аз ҷузвҳои ҳамкории миёни Қирғизистону Амрико то барқарории суббот дар Афғонистон арзёбӣ кард.

Муовини вазири хориҷаи қирғиз гуфт, кишвараш ҳарчанд дар хати пеши ҷабҳаи мубориза бо терроризми байнулмилалӣ қарор нагирифтааст, вале то вуруди нерӯҳои эътилофи зидди террор ба Афғонистон тавассути кишвари ҳамҷавори он – Тоҷикистон эҳсоси ин хатар мекард. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин ҳол дар Афғонистон субботу амният барқарор гардида ва таҳдиди терроризм низ аз байн рафтааст. Бахтигул Қаламбекова гуфт, вале музокироти миёни Қирғизистону ИМА перомуни пойгоҳи «Манас» идома дорад.

Аммо Чулпон Жакупова, мудири клиники ҳуқуқи башар, мақараш дар Бишкек, ба нашрияи электронии «Бишкекпрессклуб» иброз доштааст, ки лағви созишномаи ҳузури нерӯҳои ИМА дар пойгоҳи «Манас» дар равобити ҳасанаи миёни Қирғизистону Амрико халали ҷиддӣ ворид хоҳад кард. Ба гуфтаи хонум Жакупова, вай чунин мешуморад, ки мақомоти Қирғизистон ҷиҳати идомаи ҳузури ин нерӯҳо дар фурӯдгоҳи «Манас» бояд талош ба харҷ диҳад.

Ба таъкиди мудири клиники ҳуқуқи башар, дар ҳамин ҳол баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ мунтазиранд, ки агар нерӯҳои амрикоӣ қаламрави Қирғизистонро тарк кунанд, омодаанд бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодӣ ин нерӯҳоро дар хоки худ мустақар созанд.
XS
SM
MD
LG