Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати маорифи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, то дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, шӯъбаи журналистика боз кунад.

Ба гуфтаи Каримҷон Қодирӣ, ректори донишгоҳи мазкур, ин тасмим ба хотири таъмини расонаҳои маҳаллӣ бо рӯзноманигорони касби роҳандозӣ мешавад.

Қарор аст, шӯъбаи журналистика сар аз соли нави таҳсил дар назди факултаи забон ва адабиёти тоҷик барои нахустин бор дар таърихи донишгоҳ ба фаъолияти шурӯъ намояд.

Дар ҳамин маврид Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, собиқ директори «Мактаби журналисти ҷавон»-и назди Маркази иттилооти «Хатлон-Пресс» дар Кӯлоб аз боз шудани шӯъбаи рӯзноманигорӣ истиқбол менамояд. Вай мегӯяд, кушода шудани шӯъбаи ҷадид дар минтақа хеле муҳим маҳсуб меёбад, зеро ҳануз расонаҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ дар пайдо намудани хабарнигорони маҳаллӣ дар Кӯлоб мушкил доранд. Ҷаноби Суҳробшоҳ инчунин афзуд, агар манзури маъмурияти донишгоҳ омода намудани журналистони касбӣ бошад, пас бояд аз иқдомоти ҷиддӣ дар ин замина кор бигиранд.

Дар бастагӣ ба ин мавзӯъ Орзу Ҳамидов, муассиси нашрияи маҳаллӣ барои ҷавонон мавсум ба «Пажвок», мегӯяд, воқеан дар минтақа шумори ҷавононе, ки ба касби рӯзноманигорӣ дилбастагӣ доранд, хеле зиёд аст, аммо бо далели набудани имконот ҳамаи онҳо наметавонанд дар Душанбе таҳсил кунанд. Вай мегӯяд, дар нашрияи онҳо 15 нафар хабарнигор фаъолият менамояд, ки ҳамаи онҳо донишҷӯёни факултаҳои гуногуни донишгоҳи Кӯлоб мебошанд. Ба қавли вай, нашрияи онҳо ва дигар расонаҳои маҳаллӣ аз камбуди рӯзноманигорони касбӣ воқеан танқисӣ мекашанд.

Феълан Донишгоҳи Кӯлоб калонтарин донишгоҳ дар вилояти Хатлон дониста мешавад. Ин донишгоҳ дар заминаи донишкадаи омӯзгори ҳануз соли 1946 ба фаъолият оғоз намуда, ҳоло дар он беш аз 6 ҳазор донишҷӯён таҳсил мекунанд. Боз шудани факултаи рӯзноманигорӣ дар ин донишгоҳ барои аввалин бор дар таърихи беш аз нимасраи он шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG