Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Алиризо Паноҳ ҳаққи паноҳандагӣ доданд


Як шаҳрванди ба масеҳият гароидаи Эрон, ки дар Зеландияи нав бо талаби мақоми паноҳандагӣ 53 рӯз гуруснанишинӣ карда буд, ба дунболи муроҷиати севвум ҳаққи сукунат дар он кишварро ба даст овард. Мақомоти Зеландияи нав ду дархости қаблии Алиризо Паноҳро радд карда буданд. Аммо ӯ ба нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ зад ва гуфт, агар ӯро ба Эрон пас бифиристанд, имкон дорад, ки ӯ бо ҷурми баргаштан аз Ислом ва гароидан ба дини масеҳӣ эъдом шавад.
XS
SM
MD
LG