Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаравгонгирон замони зарбулаҷалро тамдид карданд


Як гурӯҳи чирикии покистонӣ, ки мегӯяд, корманди амрикоии Созмони Милалро гаравгон гирифтааст, имрӯз замони зарбулаҷалеро, ки барои давлат таъйин карда буд, тамдид кард. Ҷон Солекӣ, раҳбарии идораи паноҳандагони СММ дар Кветта, маркази вилояти ошӯбзадаи Балуҷистон, рӯзи 2 феврал дар роҳ ба сӯи корхонааш рабуда шуд. Ронандаи Солекӣ дар он ҳамла кушта шуд. Гаравгонгирон рӯзи ҷумъа бо нашри як навори кӯтоҳи видиёӣ дар ивази раҳоии Солекӣ аз маҳбасҳои Покистон озод кардани тақрибан 140 зани маҳбусро талаб ва таҳдид карданд, ки агар ин талаби онҳо дар зарфи 72 соат иҷро нашавад, онҳо Ҷон Солекиро қатл хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG