Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай умедвори "қазовати хубтар"-и Обама мебошад


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, ӯ умедвори “қазовати хубтар” аз сӯи маъмурияти президенти ҷадиди Амрико Барак Обама мебошад. Карзай, ҳамин тавр, дар сӯҳбат бо телевизиони амрикоии CNN, ба изҳороти ҳафтаи гузаштаи Обама посух дод, ки гуфта буд, давлати Карзай дар Кобул аз боқии Афғонистон, тавре ба назар мерасад, хеле канда шудааст. Карзай гуфт, ин баёнияи Обама ӯро ба ҳайрат овард, вале афзуд, ки чунин изҳорот шояд натиҷаи камбудиҳои ташкилӣ ва иттилооти маъмурияти нави Амрико бошад. Ҳомиди Карзай гуфт, умедвор аст, ки маъмурияти Обама таҳаввули вазъ дар Афғонистонро бештар омӯхта, нисбат ба кишвараш “қазовати хубтар” хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG