Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пасрафти бесобиқаи иқтисоди Ҷопон


Ҷопон, ё худ Япония, мегӯяд, иқтисодаш дар семоҳаи ахири соли гузашта бар асари пойин рафтани ҳаҷми содироташ ба андозаи дар 35 соли охир бесобиқа пас рафтааст. Вазири иқтисоди Ҷопон Каору Ёсано имрӯз дар Токио гуфт:“Нишондиҳандаҳои муқаддамотии имрӯза ҳокист, ки аз моҳи октябр то поёни декабри соли 2008 маҷмӯъи даромади нохолиси миллӣ назар ба ҳамин семоҳаи соли қаблӣ 3,3 дарсад ва нисбат ба нишондоди солона 12,7 фоиз коҳиш ёфтааст.” Ин пасттарин нишондоди семоҳаи иқтисоди Ҷопон аз замони бӯҳрони нархи нафт дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта шинохта мешавад. Бӯҳрони саросарӣ бавижа ба фурӯши мошинҳо ва электроникаи сохти Ҷопон сахт асар кардааст.
XS
SM
MD
LG