Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Чавес дар раъйпурсии Венесуэла


Мақомоти интихоботии Венесуэла мегӯянд, назархоҳии саросарӣ дар ин кишвари Амрикои Лотинӣ, ки бо талаби аз байн бурдани маҳдудияти давраҳои раёсатҷумҳурӣ доир шуд, бо пирӯзии раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуго Чавес анҷом ёфтааст. Натиҷаи ин раъйпурсӣ ба Чавес имкон медиҳад, бори дигар муддаии курсии раҳбарии Венесуэла шавад. Ба гуфтаи мақомот, беш аз 54 дарсади раъйдодагон аз пешниҳоди аз байн бурдани маҳдудияти давраҳои раёсатҷумҳурӣ пуштибонӣ кардаанд. Давраи кунунии раҳбарии Ҳуго Чавес соли 2013 ба поён мерасад, вале ӯ гуфтааст, ки мехоҳад баъд аз он ҳам ба хотири ҳифзи дастовардҳои “ инқилоби сотсиалистӣ” дар ин мақом бимонад. Аммо раҳбарони мухолифин мегӯянд, ислоҳи Қонуни асосӣ Венесуэларо ба диктатура наздиктар мекунад.
XS
SM
MD
LG