Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар водии Свот ҳукми шариат ҷорӣ хоҳад шуд


Интизор меравад, мақомоти Покистон ва ҷангиёни тарафдори Толибон дар водии Свот имрӯз расидани худ ба тавофуқи сулҳро эълон кунанд. Бино ба хабарҳо, қарордоди сулҳ аз ҷумла шариати исломиро ба манбаъи аслии қонунгузорӣ дар ин минтақаи воқеъ дар шимоли Покистон табдил хоҳад дод. Ҷангиёни водии Свот рӯзи якшанбе дар арафаи муаррифии ин тавофуқ барои 10 рӯз оташбас эълон карданд. Дар пайи набардҳо миёни чирикиҳо ва нирӯҳои амниятии Покистон бахши аъзами водии Свот аз таҳти назорати Исломобод хориҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG