Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми "Шоҳидони Яҳво" бетағйир боқӣ монд


Ҳайъати низомии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 12 феврал, даъвои кассатсионии созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво”-ро радд карда, ҳукми додгоҳи гарнизони шаҳри Душанбе дар мавриди манъи фаъолияти ин созмонро ба қуввааш барҷой гузошт. Фаъолияти “Шоҳидони Яҳво” бо қарори вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи октябри соли 2007 манъ шуда, ин қарор дар моҳи октябри соли гузашта тавассути ҳукми додгоҳи гарнизони Душанбе тасвиб шуд. Идораи дини вазорати фарҳанг нақзи мунтазами талаботи қонуни динро далели аслии манъи фаъолияти “Шоҳидони Яҳво” ном мебарад. Аммо намояндагони ин созмони мазҳабӣ ин иттиҳоми мақомоти Тоҷикистонро радд мекунанд.
XS
SM
MD
LG