Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Контр-адмирал Ҳарничек аз Тоҷикистон дидан мекунад


Рӯзи 18 феврал контр-адмирали амрикоӣ Марк Ҳарничек сафари панҷрӯзааш ба Тоҷикистонро оғоз мекунад. Раҳбари идораи смтротежӣ, сиёсат, барномаҳо ва таъмини моддиву фаннӣ дар Ситоди фармондеҳии нирӯҳои нақлиётии Амрико бо мақомоти Душанбе масоили марбут ба транзити колоҳои тиҷорӣ ба Афғонистон тавассути роҳҳои оҳан ва мошингарди Тоҷикистонро баррасӣ хоҳад кард. Генерал Дэвид Петреус, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико, дар моҳи январ дар Душанбе гуфта буд, тавофуқи усулӣ дар ин маврид ба даст омада, вале ба хотири таъйини мушаххасот ба зудӣ як ҳайъати баландпояи низомӣ аз Амрико ба Душанбе хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG