Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳайъати давлатии Узбакистон ба Душанбе меояд


Ҳайъати давлатии Узбакистон таҳти раҳбарии муовини сарвазир ва вазири молияи он кишвар Рустам Азимов рӯзи 18 феврал вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон хоҳад шуд. Дар иҷлосияи навбатии куммиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Узбакистон, ки барои нахустин бор дар чанд соли охир дар Душанбе доир мешавад, баррасии дастикам 13 масъала дар назар гирифта шудааст. Як мавзӯъи умдаи баҳсҳо масоили обу барқ хоҳад шуд. Узбакистон аз 27 декабр транзити нирӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистонро тавассути қаламраваш манъ карда, ахиран ба далели пардохт нашудани пули газ содироти газаш ба Тоҷикистонро низ ду маротиба коҳиш дод.
XS
SM
MD
LG