Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Интихоботи президенти Кумитаи миллии олимпӣ имрӯз, 16-уми феврал, дар Ассамблеяи кулли ҳисоботию интихоботии ин кумита дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпӣ дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи КМО, ки 31-уми январ дар қароргоҳи ин кумита дар шаҳри Душанбе доир гардид, пешбарӣ шуда буд.

Ба иттилоъи кумитаи иҷроияи КМО, Эмомалӣ Раҳмон ягона номзад ба ин вазифа буд.

Бар асоси Оинномаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, президенти нави КМО барои чаҳор сол (2009-2012) интихоб шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG