Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ифтитоҳи нахустин пойгоҳи илмии "пок"


Ҳукумати Белжик нахустин пойгоҳи илмиеро дар Антарктика ифтитоҳ кард, ки бе ихроҷи ягон гази олудакунандаи ҳаво кор мекунад. Дар маросими ифтитоҳи пойгоҳи мавсум ба Малика Элизабет, сад нафар аз вазирону олимон ва афроди дигар ширкат доштанд. Ин пойгоҳи илмӣ танҳо бо нерӯи барқи бодӣ ва офтобӣ кор мекунад ва ҳамзамон 20 нафар дар он метавонанд, ба кор машғул шаванд. Рӯйкаши бинои пойгоҳ ҳам намегузорад, гармӣ беҳуда ихроҷ шавад.
XS
SM
MD
LG